Главная Обратная связь

Дисциплины:

Архитектура (936)
Биология (6393)
География (744)
История (25)
Компьютеры (1497)
Кулинария (2184)
Культура (3938)
Литература (5778)
Математика (5918)
Медицина (9278)
Механика (2776)
Образование (13883)
Политика (26404)
Правоведение (321)
Психология (56518)
Религия (1833)
Социология (23400)
Спорт (2350)
Строительство (17942)
Технология (5741)
Транспорт (14634)
Физика (1043)
Философия (440)
Финансы (17336)
Химия (4931)
Экология (6055)
Экономика (9200)
Электроника (7621)






Аз рӯи маводи пешниҳодкардаи муаллиф чоп карда шудааст



Шоир, узви Иттифоқи

нависандагони Тоҷикистон

 

Аз муаллиф

Гузашти умр, кашидаҳои тақдири инсонӣ ҳамаро бо мурури замон ҷо ба ҷои худ мегузорад. Агар чанде, ки аз овони хурдӣ ва навҷавониям, ки дар ноҳияи меҳмондӯсту офтобии Ҳисор паси сар кардаам, хело ва хело завқи мутолиаи китоб аз ҷумла хондани шеъру ашъори шоиронро доштам, ягон лаҳза дар гӯшаи хотиротам навиштану эъҷод кардан набуд. Амри тақдир, гирдбоди печони зиндагӣ маро ҳам ба гирдаш печониду дарди дил маҷбурам кард, даме ки офтобам аз қиём бигзашта буд ва солам ба ҷое расида, қалам ба даст бигрифта он сӯзҳои ҷонгудозе, ки дар худ замони зиёде панаҳ мекардам рӯи қоғаз оварам. Ҳамин васила ман шоир шудам. Агар чанде шеърҳои эъҷод кардаам дараҷаи баландро соҳиб нашуда бошад ҳам, умедворам ҳар яки ӯ хонандаи худро меёбад.

Шаб агар чанд дароз аст ба анҷом ояд,

Аз паси ӯ шафақи субҳи сабоҳ меояд.

Шаҳриёр, хаста машав рафта яке боз нагашт,

Ноумедӣ равад айёми сафо меояд.

 

То ҷое, ки медонам навмедиву яъс абадулумр одамиро таъқиб накардааст. Ба сони шабҳои тор, агар чанд тӯлонист хоҳу нохоҳ субҳ медамаду бо худ равшанӣ меорад. Он навиштаҳо, ки аз нӯги қалами банда баромад, дарди дили ман, ҳаёти ман, тақдири ман ва шахсоне, ки бо ман ҳамқисматанд, мебошад.

Айёми кӯдаки, наврасӣ ва ҷавонӣ он қадар айёми тезгузар будааст, ки кас худ бе хабар ин даврро паси сар мекунад. Ҳар гоҳе як бор истода ба гузашта назар кунем шикасту рехти аз сар гузарондаро ба тарозуи ақл бар кашем, аз гузаштаи худ панд гирем, шояд дар оянда қадами худро дониста мемондем ва хатоҳои кардаро такрор наменамудем. Ислоҳи хатои дар зиндагӣ карда худ низ як фарри ҷавонмардист.



Боқи ҳамаро ба қазовати Шумо хонандагони азизам ҳавола мекунам.

 

Шаҳриёр

 

ВАТАН МОДАР

 

Ватан ҳар гоҳ номат бар забон орам,

Ҳамефахрам, ки дар олам туро дорам.

Маро модар бизоду, ту парастидӣ,

Аз ин рў ҳамчу модар дустат дорам.

 

Ба зебои хаёлам ҳасти беҳамто,

Яки бе мислу монанд рўи ин дунё.

Заминат файзбору, ҳам зарафшон аст,

Диёри сулҳу ваҳдат «Ҷаннатулмаъво».

 

Ватан васфи туро умре сароям ман,

Китоби қонунат дарси ҳаёти ман.

Ливоят раҳнамои тоҷикон бошад,

Туро модар чу ҷонам, дуст дорам ман.

 

Қимати умр

 

Ҳар лаҳзаи умр қиммати худ дорад,

Ҳар рўзи ҳаёт ба кас нишоте орад.

Андеша намо гузашти умр чун дарёст,

Обе, ки равона аст кӣ пас гардонад.

 

Аз рўзи гузаштаат бигир панди накў,

Роҳе, ки хато аст дигар он раҳ ту маҷў.

Мекўш, ки некиат расад бар ҳамагон,

Озори касе макун дар ин олами дун.

 

Хоҳи абадӣ номи туро ёд кунанд,

Бад аз сари ту манзилат обод кунанд.

Дар рўи замин зи худ бимон осоре,



То омадагон рўҳи туро шод кунанд.

 

 

ҲИСОРИ ЗАРНИСОР

Аз азал буди диёри маърифат,

Маркази рушду камоли илму фан.

Бо саодатмандию дасти сахо,

Халқи ту шўҳрат дар олам ёфтаанд.

 

Се ҳазор солат муборак эй ҲИСОР!

Водии меҳмоннавозу зарнисор.

 

Дар канорат ёфтам ман обу тоб,

Қалъаатро саҷда созам бо мурод.

Оби ширини ту дар олам якест,

Хоки ту ганҷест, ганҷи бебаҳо.

 

Се ҳазор солат муборак эй ҲИСОР!

Водии меҳмоннавозу зарнисор.

 

Эй диёрам, гаштаи зеби замон,

Номи некўят шуда вирди забон.

Нав ба нав ободу зебо гаштаӣ,

Орзу дорам, ки боши ҷовидон.

 

Се ҳазор солат муборак эй ҲИСОР!

Водии меҳмоннавозу зарнисор.

 

ИДИ НИЁГОН

Парвоз кун эй дил, ки баҳор аст имрўз,

Болои сарам турна қатор аст имрўз.

Бедор шуда табиат аз хобаки ноз,

Сар то сари кўҳ лолазор аст имрўз.

Садбарг бишуста рўй бо шабнами тар,

Дар дашту даман кабк ғазалхон имрўз.

Бо чаҳ-чаҳи мурғони хушилхом шуда ҷур,

Овози маҳини найи чўпон имрўз.

Гулдухтаракон тоҷи гули қоқу ба сар,

Гирд омадаанд шоду ғазалхон имрўз.

Наврўзи баҳор Иди Ниёгони манӣ,

Хуш омади ту ба мулки моён имрўз.

 

Васфи устод

 

Ончунон дар вафси устод гуфтаанд,

Шуарову дӯтдорони калом.

Кам вале бошад ҳамоно ин ҳама,

Пеши заҳматҳо ки дидаст баҳри мо.

 

Роҳи донишро барои мо кушод,

Илм омӯхт аз гузашт таълим дод.

Аз замири баҳру бар то коинот,

Кашф кардан, зинда доштан ёд дод.

 

Бе сабаб ногуфтаанд пирони кор,

Қадри устод аз падар бештар бувад.

Чун ки андарзҳову ҳикматҳои ӯ,
РАвшании рӯзгори мо бувад.

 

Бе муаллим раҳнамои зиндагӣ,

Кист дар олам, ки худ устод шуд.

Бояд он донем, ки ин мулки азиз,

Аз ҳунар, аз илми ӯ обод шуд.

 

Ошиқи ту

На ман гаштам, дилам гашт моили ту,

Фидои орази ҳамчун гули ту.

Шабу рўз дар ҳавои дидани ту,

Дилозорам дигар қалбам масўзон.

 

Чаро аз чашмҳо пинҳон шуди ту,

Куҷо ҷўям нишони манзили ту.

Ҳамемирам зи ҷабри дурии ту,

Дилозорам дигар қалбам масўзон.

 

Наям гар ман бигў кист содиқи ту,

Хаёлам нест ҷуз ман лоиқи ту.

Ту дони ошиқам ман, ошиқи ту,

Дилозорам дигар қалбам масўзон.

 

Паризодам

 

Шакар гаҳ аз лабонат чидаму гаҳ соғарат додам,

Шабамро дар канорат субҳ кардам ай Худододам.

Чи шоме буд, ки хуштар ман надидам дар ҳаёти хеш,

Тавонистам агар, онро ба як дунё намедодам.

 

Қариби субҳ дармони дилам аз бистарам рафтӣ,

Туро эй товуси навром, ба дасти худ раҳо додам.

Масўз беҳуда қалбам сўзи ту бетоқатам бинмуд,

Ки саргарми ҳавасҳо, ишқи покамро ба бод додам.

 

Ту нести дар барам имшаб, қарорам рафта аз дастам,

Намеояд ба гўшат нолаҳову оҳу имдодам.

Худои ишқ бар ман як назар карду зи ман рў тофт,

Магар диди хато аз ман рамиди эй паризодам.

 

Гулнора

 

Зебосанам Гулнора,

Дар ишқат ман овора.

Хоҳам оғўшат гирам,

Дури зи ман чи чора.

 

Рақсиданота садқа,

Чархиданот зебанда.

Сўям нигоҳ накардӣ,

Дилама карди ганда.

 

Дўстат дорам беохир,

Чаро надори хотир.

Раҳме кун ба ҳоли ман,

Ошиқта кушти охир.

 

 

ҲОСИЛИ УМР

Санг дар санг, хишт дар хишт, хона бино мешавад.

Мисра мисра ҳарф дар ҳарф, шеър иншо мешавад.

То, ки ҳар як мисра чун дурр суфтаву гўё шавад,

Дарди пинҳон дар дили шоир ҳувайдо мешавад.

 

Зиндаги ҳар сў занад касро мисоли сели об,

Ашки борон рехт осмонат мусаффо мешавад.

Гар фалокат омаду дар манзилат маскан гирифт,

Шукр кун ғамро гесулон, шодӣ меҳмон мешавад.

 

Аз паси шом рўз ояд, баъди имрўз рўзи нав,

Навҷавони бигзарад, пирӣ насибат мешавад.

Ҳарчи коштӣ дар замини ин ҳаёт бо дасти худ,

Ҳосили он боғро дидан насибат мешавад.

 

Биё

 

Баҳори сабзу гулангези ман биё,

Илоҷи ғуссаву навмедиам, биё.

Биё, баҳонаи дурии раҳ макун,

Ишора кун, ки дилам пай барад, биё.

Гуло ту мешунавӣ гар садои ман,

Умеди охирам туи биё, биё.

Лабам расад чу даме бар лабони ту,

Шикаста мешавад хумори ман, биё.

Азоби дурии раҳат кушад маро,

Ҳанўз, ки зиндаям намурдаам, биё.

Равам ба сўи ту лек, пой бастаам,

Ирода кун ба қафас пеши ман, биё.

Ёди он рўзҳои боҳамӣ бикун,

Равони ман ба танам ҷони ман, биё.

 

Оҳ модар

 

Рӯзи мавлудат муборак, модари яктои ман,

То ҷаҳон бошад ту бошӣ мунису раҳпои ман.

Аз ту дурам, дураму ҳар лаҳза бо ёди туям,

Оразат нақш аст дар дил аз ҳама зебои ман.

 

Навниҳоли сабз будам дар канорат модаро,

Аз ғаму дард дур бо хурсандиҳоят ҳамсадо.

Рашки қисмат омаду дурам намуд аз пеши ту,

Чор девори сияҳ кардаст маро аз ту ҷудо.

 

Оҳ модар ғам фузунат додааст фарзанди ту,

Аз паям овораву бори ғамам дар қалби ту.

Гар намудам хам саратро амри тақдир буд он,

Ман намехостам, ки бинам дидаи пурашки ту.

 

Бо ҳама дури зи ту бе ёди руят нестам,

Шому рӯз дар ҳасратам, к-ан дар бари ту нестам,

Ин қадар нози маро парвардаи дар зиндагӣ,

Қадри меҳри ту надонам, ман мусалмон нестам.

 

Бути зебо

 

Дар канорам маҳи хубон ба дасташ соғар,

Маст махмураму нохўрда қадаҳ то охар.

Хоҳам аз лаъли лабат ҷуръа шаробе гирам,

То хуморам биравад, масти ту бошам дигар.

 

Ман фаромўш кунам роҳи дари майкадаро,

Ҳамчу Вомиқ шавам волаи ҳусни Узро.

Чарх гардад ба сарам хона, ки нести ту дар он,

Дар барам боши агар бахшамат ин дунёро.

 

На, надидам бути зебо чу ту дар рўи замин,

Моилам карда ҳамон тобиши зулфони хамин.

То ба кай аз мижаам хун бичакад дар раҳи ту,

Оҳ, бошад, ки шави бо мани Маҷнун қарин.

 

Рухи зебои туро бар қафаси сина ниҳам,

Гесувони сияҳат аз кафи худ сар надиҳам.

Фориғ аз ҳалқаи дастони ту кай хоҳам шуд,

Ҷон, ки аз ҳар чи азиз аст, ба дастат бидиҳам.

 

Афсонаат ҳастам

 

Масӯзон болҳоям, шамъи ман парвонаат ҳастам,

Асири зулфи ту, Маҷнунаму девонаат ҳастам.

Ба доми ишқат эй номеҳрубон ночор уфтодам,

Намеори ба ёдат з-он ки ман афсонаат ҳастам.

 

Қарори сабр бирбуди замоне раҳм кун охир,

Чаро аз ман гурезонӣ, бубин овораат ҳастам.

Аз он рӯзе, ки симоят нахустин бор дидам ман,

Ғуломи он нигоҳи чашми ҷодувонаат ҳастам.

 

Дар ин дунё, ки сар то по дурӯғу фанд печида,

Худо шоҳид ягона роздону содиқат ҳастам.

Шароби ишқро мехоҳам аз лабҳои ту нӯшам,

Гуло, бебода мастам, масти он холи лабат ҳастам.

 

 

Болини тар

 

Болини тар, чашми роҳи интизорӣ,

Нам-нами ашкам чу борони баҳорӣ.

Ҳасрати дилро шунав боре нигорам,

Ё ту ошиқкуш санг дар сина дорӣ.

 

То ба кай аз ман гурези эй ситамгар,

Рў ба рўям кай шавӣ носуда гавҳар.

Ҳамчу Маҷнун дар таманнои висолам,

Лайлиё бар ҳоли зори ман ту бингар.

 

Орзуи дидани рўи ту дорам,

Кош ойи сар ба зонуят гузорам.

Мубталоят гаштаям раҳме надорӣ,

Оқибат дар роҳи ишқ ҷон месупорам.

 

 

Бепаймон

 

Дигар накунам ёди рухат бепаймон,

Беҳуда дар ишқи ту шудам саргардон.

То чанд ҷафо кашам ба худ нола кунам,

Як лаҳза дили реш надорад ором.

 

То кай сари роҳат бинишинам ба алам,

Як лаҳза наойи, ки бигири хабарам.

Аз баҳри Худо раҳм бикун, мемирам,

Чун ман дигаре наёби рўи олам.

 

Шабҳо ҳама хоб аз ғамат бедорам,

Дилбохтаи ту ошиқаму беморам.

Ҷонам ба лабам расид аз раҳпоӣ,

Кай сўи ман ойи бишканад армонам.

 

Ҳар лаҳзаи дуриат мисоли сол аст,

Ашки чашмам чу резаи борон аст.

Сабр аз ман рафт бимирам аз раҳпоӣ,

Хуни мани бегуноҳ ба дўшат бор аст.

 

Шаҳноза куҷои

 

Ай моҳи шабистон паси абр монда чароӣ,

Аз чист паноҳию ҷамолат нанамоӣ.

Бе равшании рўи ту дунё ҳама тор аст,

Боре чи шавад орази зебо бинамоӣ.

 

Аз дида чакад ашк ба ёди рухи гулгун,

Дар ҳасрати дидори ту қалбам шуда пурхун.

Хоҳам, ки биёӣ ба канорам гули хубон,

Бо сад ҳавасе бўса занам аз лаби майгун.

 

Шаҳноза ҷудо аз ту маро талх ҳаёт аст,

Дил волаи ту шому саҳар чашм ба роҳ аст.

Маънии ҳаётам ғаму шодии дилам ту,

Ман ғарқаи ишқам, лаби лаъли ту наҷот аст.

 

 

Дар дилами

 

Аз назар дур маҳи шаб, ту ниҳон дар дилами,

Ба Худо дар дилами, ба Худо дар дилами.

Ёди моро бикуни ё накунӣ дар дилами,

Ба Худо дар дилами, ба Худо дар дилами.

 

Нашукуфт гул, ки ба ҳуснаш ба ту монанд бошад,

Лолаву савсани дашт пеши ту сархам бошад.

Дили ман аз нигаҳи масти ту хуррам бошад,

Ба ҳама ҳусну латофат ту ниҳон дар дилами.

 

Бирабудасти ба як ғамза қарорам чи кунам,

Ҷониби хонаи ту сар ниҳаму саҷда кунам.

Аз ҳаёт дил канам аз дидани ту дил наканам,

Ғами ту боиси марг аст, вале дар дилами.

 

То ки дармони танам ҳаст туро ёд кунам,

Оразат пеши назар ораму, дил шод кунам.

Дар фироқат зи алам синаи худ чок кунам,

Дари дил во куну бингар, ки ниҳон дар дилами.

 

ФаромЎшам

 

Фаромӯшам, фаромӯши ҷаҳонам,

Равон аст ашки ғам аз дидагонам.

Зи дурӣ, ноумедӣ, қисмати талх,

Аз ин рӯзи сияҳ безори ҷонам.

 

Дар шоди ба рӯям баста гашта,

Танам аз сӯзи ишқат хаста гашта.

Тилисми чашми ту девонаам кард,

Ба қалбам орази ту нақш баста.

 

Вале ҳайҳот дури аз канорам,

Намегири хабар з-аҳволи зорам.

Фаромӯшам, фаромӯши туям ман,

Ба танҳои дигар тоқат надорам.

 

Нахоҳам аз ғамат бемор бошам,

Шабу рӯз дар суроғи ёр бошам.

Барои ту агар ман мурдаам пас,

Нахоҳам бар ту бе раҳм зор бошам.

 

Дили ман

 

Дили ман бар нигаҳи масти ту гаштаст моил,

Ки нигоҳат чу мавҷ мебарадам аз соҳил.

Аз сукутам бишунав нолаи ҷонкоҳамро,

Гарчи хомӯшам, дар сӯзу гудоз аст ин дил.

 

Ноаён қатраи ашк аз сари мижгонам рехт,

Булбули нағмасаро бол кушоду бигурехт.

Оҳ ошиқкуши бемеҳр яке раҳм намо,

Умри ман сарфи таманнои ту гаштаст, дареғ.

 

То ба кай дар ғами ту сӯзаму дил пора кунам,

Ҳамчу шамъ об шавам, ёди рухи лола кунам.

Дурии васли ту орому қарорам бурдаст,

Шабу рӯз дида ба дар чашм ба роҳи ту кунам.

 

Ту бидонӣ, ки маро бе ту ҷаҳон рангин нест,

Гар набошӣ, зи мани зор ҳаёт ширин нест.

Умри ман садқаи як лаҳзаи дидори ту бод,

Ба барам ой нигор қалби ту гар сангин нест.

 

Бигзор маро

 

Бигзор маро, ки аз ғаму дард мирам,

Аз фанду фиреби зиндагӣ дилгирам.

Бигзар ту зи баҳри ман малолам нашавад,
Ман марди асиру пой дар занҷирам.

 

Гирям на аз он, ки дасткӯтоҳам ман,

Шабҳо ҳама хоб, зи ғусса бедорам ман.

Ин дидаи бехобу сиришки ҳасрат,

Хорист ба пеши мардумон хорам ман.

 

Аз дасти фалак ҷафо кашидам бисёр,

Умрам бигузашт сол маро монд шумор.

Ҳайҳот зи даҳр панд баҳрам нарасид,

Навмеди маро хаста намуд охири кор.

 

Дилхаста шудам зи фикри рӯзи фардо,

Гумроҳаму роҳи рости умр нопайдо.

Гар даҳр гузашт зи баҳри ман боке не,

Ман низ гузаштаам зи баҳри дунё.

 

Модаро бахш маро

 

Модаро бахш яке пеши ту ман маъзурам,

Амри тақдир ҳамин шуд, зи наздат дурам.

Гарчи дар бандаму ёдат ҷигарам месӯзад,

Беҳисоб шукр ба Яздон, ки туро ман дорам.

 

Боз шоми сияҳе рафт ҳанӯз бедорам,

Нақши ожанги туро пеши назар меорам.

Гиря кардаст гулугир вале хомӯшам,

Бо дили реш қадам сӯи саҳар мемонам.

 

Оҳ модар чи суханҳои накӯе дорӣ,

Роздониву рамузфаҳм, аҷаб инсонӣ.

Ғаму андӯҳи ҷигарбанд ба худ бигрифтӣ,

Дар тани хеш ниҳон қалби бузурге дорӣ.

 

Аз Худованд на зару сими каён мехоҳам,

Некию тансиҳатӣ, баҳри ту ман мехоҳам.

То даме ҳастаму ин чархи фалак гардон аст,

Ҳар нафас сӯҳбати ширини туро мехоҳам.

 

Гули шом

Ман имшаб то саҳар бехобӣ кардам,

Қариби субҳидам ёди ту кардам.

Гиристам бесадо дар ҳастрати ту,

Хаёли рўи зебои ту кардам.

 

Чаро бигзашти аз баҳрам гули шом,

Дилам бишкастиву бинмуди ноком.

Набуд меҳрат агар бар ман аз аввал,

Намекарди миёни халқ бадном.

 

Ту хомуши надори майли гуфтор,

Ба қалбам бо хамушӣ мезани хор.

Намегўи, ки дори ёри дигар,

Бигў охир, маро камтар биёзор.

 

Илоҷи кори ман кун эй ситамгар,

Фаромушам макун, носуфта гавҳар.

Худои ишқ шоҳид дар азобам,

Зи ту воло маро нест ёри дигар.

 

 

Интизорам

 

Фурў бурдам ҳама ғамҳои дунё,

Ғаму дарди ту лек ҷонам ба лаб кард.

Зи ҳаҷрат то ба кай сўзам Худоё,

Набитвонам, ки ишқат пушти сар кард.

 

Ало эй нозанини маҳфилоро,

Намегири хабар з-аҳволи зорам.

Фаромўш кардаи ҳарчанд моро,

Туро беаҳду паймон дўст дорам.

 

Чаро бояд, ки сўзам дар фироқат,

Чу шамъе лаҳза-лаҳза об гардам.

Хазон шуд умри ширин дар суроғат,

Назарболо туро ман интизорам.

 

 

Хастаам имрўз

 

Миёни чор девор, дар ба рўям бастаанд имрўз,

Ҳазину паст менолад дили бишкастаам имрўз.

Зи дасти норабоиҳои қисмат зору нолонам,

Чу чуғзи хонавайрон бо пари бишкастаам имрўз.

 

Замин аст зери по сахту самои бас баланд дар сар,

Дареғо аз ҳаёт дилсарду пои бастаам имрўз.

Ту эй қалби вафодорам басо умре ҷафо дидӣ,

Зи сузў аз гудозат беқарору хастаам имрўз.

 

Дар ин маҳфил ҳама дорад ба худ ёру вафодоре,

Чу нахли хушку танҳои биёбон гаштаам имрўз.

Намедонам чаро ин гуна тақдир нисбатам талх аст,

Ки дар дил сад умеду бо забони бастаам имрўз.

 

Гули сурхи умедам мурдаву пажмурда шуд охир,

Ки дунё дар назар тору ҳама якранг аст имрўз.

Худоё раҳм кун бар ман, садои қалби ман бишнав,

Ҳаётамро, мамотамро ба дастат додаам имрўз.

 

ЁДИ ТУ ДОРАМ

 

Замони бо ҳамиҳо ёд дорам,

Бирафти аз барам ёди ту дорам,

Накарди хотири он ишқи покам,

Маро сухти вале ёди ту дорам.

 

Умедамро ба бод доди чӣ созам,

Ба сад уммед ман ёди ту дорам,

Рабуди равшании қалби сардам,

Дилам торику ман ёди ту дорам.

 

Ниҳодам сўзаду , хомўш гирям,

Гули хандони ман ёди ту дорам,

Зи куям кай гузар сози азизам,

Сари афканда дар пои ту дорам.

 

Ҳамедонам зи баҳри ман гузашти,

Ту бигзаштию ман ёди ту дорам,

Вафо аз бевафо ҷустам дареғо,

Шунав ай бевафо ёди ту дорам.

 

 

ГУРЕЗОНИ

 

Ало ай додаи Аллоҳ аз ёрат гурезони,

Магар қалби ту сангин аст ё худ номусалмони.

Дилозорӣ набуда расми ошиқ раҳм кун охир,

Чаро ин қадр ҷонам ашки чашмонам бирезони.

 

Ба дасти туст хушбахтии ман ай сарви дил озор,

Ҷамолатро намоён кун маро камтар бидеҳ озор.

Садоят бишнавад мурғи дилам парвоз бинмояд,

Намеойи суроғам ё зи ман ҷонам шуди безор.

 

Ба роҳат дидаам чор аст ситам бар ман макун дигар,

Намеёби чу ман дилдода дар рўи замин дигар,

Ба як лабханди зебоят фидо созам ҳаётамро,

Намехоҳам , ки боши марҳами рози каси дигар.

 

АҶАБ БОШАД

Агар ёдат кунам шабҳо, нагирям ман аҷаб бошад,

Нарезад мисли борон ашки чашмонам, аҷаб бошад.

Гул ар бе об монад, мешавад пажмурда мемирад,

Дар олам зистан бе ту тавонам гар аҷаб бошад.

 

Зи ҳаҷрат ҳамчу шамъе, рўзу шаб сухтан насибам шуд,

Нагардам об ман шамъ об гардад, гар аҷаб бошад.

Бимирад ҳар, ки бемор асту, дардашро давое нест,

Шавам аз ғусса бемору , намирам гар аҷаб бошад.

 

Агар чи дидани рўят тасаллои дилам гаштаст,

Туро бинам биёбад, қалби ман таскин аҷаб бошад.

Ало эй маҳваши симинбадан ин қадр барнои,

Дар умрам гар зи ту зеботаре бинам аҷаб бошад.

 

 

ҶОВИДОН БОШИ

Чи гўям гар ту волотар зи ҳар ашъори ман боши,

Дар ин олам ягона меҳрубон ғамхори ман боши.

Агар чанде парешонам зи ту дуру ба ғам ҳамдам,

Тасаллои дили афгораму раҳпои ман боши.

Ба баҳри беканоре ғарқи ғамҳо, ғарқи ҳасратҳо,

Ягона соҳили умед ҳам эҳёи ман боши,

Надида роҳате аз умр азобу ранҷ бас диди.

Ба худ бигрифта бори ғам балогардони ман боши.

Яқин донам набоши рўи олам бе ту мемирам,

Чароғи маҳфили ман нурбахши шоми ман боши.

Муборак рўзи ошиқҳову, зодрўзат муборак бод,

Ҳамехом ҷовидон боши, аниси ҷони ман боши.

 

ДИЛОЗОРАМ

 

Озори ман маҷўй дилозорам,

Дар синаам ҳазор алам дорам.

Фарёд ту бераҳмиву дилсанги,

Аз ёд рав дили пури ғам дорам.

 

Эй вой ашки чашм равон бехуд,

Дунёи тор болини тар дорам.

Эй вой дарди дил ту чи ҷонсузи,

Аз сузи ишқ қисса ба лаб дорам.

 

Дармонбахши ҷони ман ту буди,

Ҷони кунун ба лаб расида дорам.

Ҳайфо дареғ умри абас рафта,

Нокомиҳои ишқ ба сар дорам.

 

Ёд кунам

 

Гар зи ҷонам нафасе ҳаст туро ёд кунам,

Умр бар бод кунам хотири ту шод кунам.

Лаҳзае гар нафасам бо нафасат ҳамнафас аст,

Нақши он лаҳза якумри ба дилам ҷой кунам.

 

Ту ба ин ҳусни Худод чунон мағрурӣ,

Ба тамошои рухат сўзи дил ором кунам.

Нашнавӣ нолаи қалбам чи қадар дилсангӣ,

Ман надонам ба кадом лафз туро ром кунам.

 

Лутф бинмо назаре сўи мани шайдо кун!

Бе муҳобо сари худ хоки қадамҳот кунам.

То бидонад ҳама олам чи қадар зебоӣ,

Сатри ҳар шеър ба васфи рухат эҷод кунам.

 

 

Ёди модар

 

Амри тақдир фитнаи ағёри паст,

Дар ҷавонӣ ноумедам кардааст.

Оҳ девори баланди бениҳо,

Аз бари модар ҷудоям кардааст.

 

Ёди модар бедавоям мекунад,

Бо ғаму дард ошноям мекунад.

Эй Худоё кай расад рӯзи висол,

Фикри фардо беқарорам мекунад.

 

Бо дуои волидон сабзидаам,

Меҳри модар ҳам падар варзидаам.

Гарчи дурам аз нигоҳи чашмашон,

Ҳар нафас бар ёдашон бахшидаам.

 

 

ЗОДРЎЗ

Имрўз зи субҳ пеши рўям боши,

Донам, ки ту хурд ҳастиву беғам боши.

Ҳар чанд, ки дурам зи ту ёди ту кунам,

Хоҳам, ки ҳамеша шоду хуррам боши.

 

Чун ҷони тани худам туро дўст дорам,

Ҳар шому саҳар, ба ёди ту бедорам.

Дар чаҳордаҳи, Илоҳи садсола шави,

Ман бахти накў, туро таманно дорам.

 

Зодрўзи туро чи гуна табрик кунам,

Дурам. зи ту тўҳфаи муносиб кунам.

Ин шеъри зи таҳти дил эҷодшударо,

Хоҳам, ки ба ту духтарам инъом кунам.

 

Зодрўз дори, туро падар пазмон аст,

Дар ҳасрати дидор вале ҳайрон аст.

Кошки бишавад дари қафас бикшоянд,

Пешат биравад, падар туро пазмон аст.

 

БО ЁДИ ТУ

Бо ёди ту эй зеби замон дар табу тобам,

Дар ҳасрати дидори рухат сўхта кабобам.

Ҳар лаҳза, ки дури зи барам нусхаи сол аст,

Фарёди дилам бишнаву, кам деҳ азобам.

 

Нокомам аз он ишқ, ки ҳама хобу хаёл аст.

Дилгир зи дурии ту ранҷуру харобам.

Бинмо рухи моҳат санамо, ошиқат ҳастам,

То кай зи барам бигзари нодода ҷавобам.

 

Эй олиҳаи ишқ, фидоии ту бошам,

Бинмой тараҳҳум бипурс сирри азобам.

Бо гармии рухсори ту дунёст маро хуш,

Як бўса зи лаъли лаби туст, оби ҳаётам.

 

ТУ БОШИ

Чи зебою дилоро шаҳри бодом,

Макони сулҳу ваҳдат, илму ирфон.

Надидаст чашм шаҳре чун ту зебо,

Диёри файзборам Конибодом.

 

Шукуфта боғу саҳро сабзу гул-гун,

Саро сар кўчаҳоят гашта навгун.

Ту шаҳри кўҳнаву ҳам навҷавонӣ,

Ту шаҳри орзуи ошиқонӣ.

 

Баруманд халқи ту меҳнатқаринанд,

Ба нангу ҷоннисор бе бухлу кинанд.

Ба рўи дўстон дарҳо кушода,

Аҷаб меҳмоннавозу дилнишинанд.

 

Фидои ҳар ваҷаб хоки заминат ,

Сари таъзим бар халқи матинат.

Ҳамехом то ҷахон бошад ту бошӣ,

Ватан , модар барои ман ту бошӣ.

 

 

Хато карди

 

Намегирям ба ёдат ашки чашмам хушк шуд дигар,

Бисўзонди маро ҳайфи ҳаётам хастаам, бингар.

Накарди раҳм аз баҳрам гузашти, ёри бепарво,

Паноҳат бо Худо гўям, надорам чораи дигар.

 

Набудам мубталоят ишқ ҷой бинмуди дар қалбам,

Рабуди эй ситамгар бо гули зебогиат ақлам.

Шудам мафтуни ҳуснат, маънии умрам туи афсўс,

Ба ҳусни худ таманно мекунӣ, бигзашти аз баҳрам.

 

Куҷост он раҳму шафқат, бевафо қалби ту аз санг аст,

Ҳамедонам, ки фикру ёди ту бо дигаре банд аст.

Ба сўям як назар нокарда бигзашти зи паҳлўям,

Садои гиряам, бо гиряи борон ҳамоҳанг аст.

 

Хато карди, ки мемирам зи ҳаҷрат хор мегардам,

Зи дарду ранҷи ишқ, девона Маҷнунвор мегардам.

Ба қасди номуродиҳои қисмат, талхии ҳиҷрон,

Ба пешат бо сари боло ситамгар, ёр мегардам.

 

Эй осмон бигў

 

Эй осмон бигў ҳамаро худ ту дидаӣ,

Нақши замин гўиё дар каф кашидаӣ.

Он раҳ куҷост, он ки кўи ёр мебарад,

Шояд ҷамоли нозуки ёрам ту дидаӣ.

 

Ноҷур гаштам аз ғами дурият эй нигор,

Ҷонам бигў ту заҳри ҷудоӣ чашидаӣ?

Ман аз ғами фироқи ту обу адо шудам,

Боре ба ёди ман ту ҳам оҳе кашидаӣ?

 

Чашмам ба роҳ бо дили пуршўру ашки талх,

Дар базми кӣ ба нозу таманно нишастаӣ?

Бас аст дигар зи ишқу вафо пеши ман магў,

Савганд хўрда, аҳду вафоро шикастаӣ.

 

 

КУҶОИ?

Шаб рафт эй рамида зи ман хоб куҷои,

Тораст дилам нусхаи маҳтоб куҷои.

Оҳ мекушадам дарди фироқи ту нозанин,

Дармони қалби хаставу нотоб куҷои.

 

Борони ашк мечакад аз дидаи пурхун,

Аз ёди дил ҳаменаравад орази гул-гун.

Ҳаҷри висоли ёр маро кард ҷигархун,

Эй орамии ошиқи ночор куҷои.

 

Олам агар буди маро бар ту ато кунам,

Ҷонам ба як ишораи чашмат фидо кунам.

Имдоди дил намешнави то кай садо кунам,

Ман ташнаи ту, чашмаи шаддод куҷои.

 

Дар сўгвории фарзанд

Ай навдаи тар шикастаи маҷбурӣ,

Ай шаҳбачаи шаҳид паноҳи гўрӣ,

Оҳи падарат расид бар гўши фалак,

Хоби ту абад надони дарди дури.

 

Бигзашт падар бародарам бар хок рафт,

Модар тарк кард ҳаёту аз дунё рафт,

Шукрона намуда ғам фуру бурдам ман,

Ёрон донед доғи писар сўзи дигар.

 

Шинам шинаму рўи туро ёд кунам,

Он хандаи дилҷўи туро ёд кунам,

То ҳастаму чархи зиндаги гардонаст,

Рафтори ту гуфтори туро ёд кунам.

 

Бигзашти туву навбати мо ҳам бирасад,

Бошад, ки яке дида ба дидор расад,

Ҳоло, ки дуо кунам қабулаш бинмо,

Ҷуз пораи оёт ба ту чизе нарасад.

 

 

НОЛА ДОРАМ

Дили ман нола дорад, эй Худои осмонӣ,

Дилам ғамбор гиряд ҳамчу борони баҳорӣ.

Ниҳонаст ашки ман дар қалб месўзам чу хокистар,

Ки хомўш сўхтанро бевафо ёрам намедонӣ.

 

Туро ҷустам, туро ёфтам вале кори хато кардам,

Куҷо донам, ки қадри ишқи софамро намедонӣ.

Туи нопокро чун навниқоли гул бипарвардам,

Кунун аз даст бар дасти ба захмам хор мемонӣ.

 

Накарди хотири он лаҳзаҳо, ки пеши ҳам будем,

Намедонӣ, ки назди нокасе чанд рўза меҳмонӣ.

Гузашти вақт, худ довар бувад бар гуфтаҳои ман,

Расад рўзе шави пажмурда байни роҳ мемонӣ.

 

 

СУКУТИ ШАБ

Сукути шаб, ҳама хобу ҳанўз бедорам,

Зи ҷабру ғурбати айём, зору беморам.

Ки, гўи сол ба ҷое расида буди маро,

Ҷавонӣ, аз чавонӣ ноумед ночорам.

 

Чӣ кардаам, ки Худоям рабуд шодӣ зи ман,

Ба бист монда қадам аз ҳаёт нокомам.

Магар расид кадом чашми бадсиришт маро,

Зи ёру дўст монда дур, кунҷи зиндонам.

 

Кунун ҷаҳида тир аз камон берун шуд,

Чӣ суд з-он, ки ба ёди гузашта нолонам.

Рўзҳо бишмарам, ки кай расам ба субҳи умед,

Нури шамс маҳв кунад пардаи шаби торам.

 

Бубахш модари ҷонам хато зи ман бигзашт,

Миёни хандаи мардум зору ҳайронам.

Агар чи карда гунаҳ аз назарат дур шудам,

Барои хотири ту ман ҳамон Ҳусейнҷонам!

 

 

СЎЗИ ДИЛ

 

Гар ҳофизи қадри ту бидонам,

Мисли ту сухансаро надонам.

Он нолаи ҷонгудози созат,

Аз сўзи диласт нек донам.

 

Ту низ ба қадри одами рас,

Аз пеши худат магў сухан бас.

Ҳар мисраи байти ночизи ман,

Бо хуни ҷигар бигашта пайваст.

 

Ҳар гоҳ қалам ба каф бигирам,

Аз рўзи гузашта байт гирам.

Ин чарх маро зи мулк дур кард.

Аз қисмати талхи хеш гирям.

 

Ман оташи дил бурун кунам бас,

К-ин сўз маро адо намудаст.

Гар маънию вазни шеър хато рафт,

Ислоҳи хато гарон набудаст.

 

Аз ман чи бирафт гар хато шуд,

Дар қалб чӣ буд, ҳамон раҳо шуд.

Эрод нагир, ту нотавон бин!

Бе мактабу дарс ки устод шуд?

 

РАВОН ДАРЁ

Равон дарё, равон аст оби дарё,

Равон умрам ба сони оби дарё.

Равад обу дубора пас биёяд,

Ҳаёти рафта нопайдост асло.

 

Чи ширин аст дар олам зиндагонӣ,

Ба айшу нўшу ҳам бо комронӣ.

Гузашти рўзу шабҳо ноаён аст,

Чи сон бигзашт умр ҳайрон монӣ.

 

Ба мўи ман сафедиҳо дамида,

Намонда оташе дар қалбу дида.

Чиҳо кардам, чи дидам рўи дунё,

Гузашт умрам, дареғ чизе надида.

 

ХУДОДОДАМ ТУИ ТУ!

Гули ман навбаҳори ман туи ту,

Биё пешам, ки оромам туи ту.

Ба ёдам чун раси қалбам бисўзад,

Давои дарду армонам туи ту.

Шарарбораст нигоҳи чашми мастат,

Чу маҳтоби шаби торам туи ту,

Ба соғар нангарам бе бода мастам.

Шароби нуқлу миноям туи ту.

Ба ҳар як тори мўят байт созам,

Хуруҷи шеъру эъҷозам туи ту.

Нагирам даст аз домони покат,

Худо додаст, Худододам туи ту.

 

 

ДЎСТ ДОРАМ

Гуло ҳар дам таманнои ту дорам,

Умеду завқи дидори ту дорам.

Лиқоят нур бахшад шоми торам,

Ҷудо аз ту дигар тоқат надорам.

Агар дони чи қадрат дуст дорам,

Ҳамеша дар дилам ёди ту дорам,

Намон дар нимараҳ ҷони ҳақирам,

Ки рози худ фақат пеши ту дорам.

Зи ёдам кай рави ором гирам.

Ба дил нақши гули рўи ту дорам.

Чаро бо ман чунин номеҳрабонӣ,

Туро ман то ки ҳастам дўст дорам.

 

 

ЧИ КУНАМ?

Шаби маҳтоб хаёлам чи кунам во чи кунам,

Назаре сўи само созаму ёди ту кунам.

Ваҳ чи зебо, чи дилоро ту ба хотир ойӣ,

Дар барам боши ҳамин лаҳза чиҳо бо ту кунам.

 

Нарм гирам ба канор қомати гул-гунатро,

Чу аноре бимакам он лаби майгунатро,

Сари пироҳани зардўзи туро боз кунам,

То бубинам тани нозук чу парӣ кўятро.

 

Рўи ҷогаҳ бигузорам тани урёнатро,

Чанд гоҳ сила кунам гесўи қатронатро,

То дами субҳ зи ҳусни ту хуморам шиканам,

Нагузорам зи кафам себаки хубонатро.

 

ҶОНИ ШИРИН

Ашк мерезад зи чашмам, беҳисоб,

Ҳар гаҳе, ки ёди рўят мекунам.

Қасди ҳиҷронат бигирам аз шароб,

Боданушӣ дар фироқат мекунам.

 

Заҳри май ҳар чанд мадҳушам кунад,

Оразат натвонади аз ёд бурд.

Ман надонам то ба кай сарви сиҳӣ,

Аз ғами ту хок бар сар мекунам.

 

Ай ки нурат қалбҳоро рўшанист,

Пас чӣ рухсорат панаҳ аз мо кунӣ.

Ё намедони ба ёди рўи ту,

Шоми худро ман паси сар мекунам.

 

Гар шавам бемору мирам аз ғамат,

Сўи қабрам дар зиёрат бигзарӣ.

Бо садоят ҷони ширин ман зи нав,

Сабзасо аз хок сар бар мекунам.

 

Ба ёди ту

 

Ман имшаб боз бехобам.

Ман имшаб боз бехобам, ду чашмонам ба роҳи ту,

Ман имшаб дида гирёнам, ба ёди ту, ба ёди ту.

Хаёлам мебарад бар кўи ту пеши назар ояд,

Нигоҳи чашми шаҳлои туву нозу адои ту.

 

Чи сўзон ашки ошиқ кош аз сўзаш хабар будӣ,

Ту ҳам монанди ман як лаҳзае бо чашми тар будӣ.

Ҳамесўхти ба ёди ёри дурат гиря мекардӣ,

Вале афсўс донистам, зи сўхтан бехабар будӣ.

 

Магў дигар маро афсона аз боби вафодорӣ,

Ту ки аз умр бигрифтӣ, фақат дарси ҷафокорӣ.

Намезебад туро бо ин ҳама ҳусну қади барно,

Ба ёри содиқат лоиқ ҳамедидан ҷафокорӣ.

 

 

Нигоҳам кун

 

Нигоҳам кун, ки чашмат нур бахшад дар шаби торам,

Садоям кун, ки бар овози ширинат гирифторам.

Марав аз ман тавалло мекунам, умре ту бо ман мон,

Канорам лаҳзае биншин, равад аз қалб армонам.

 

Туи танҳо, ту ҳастӣ ғамбарору дилнишини ман,

Азизу аз ҳама зебо Ту боши беҳтарини ман.

Дареғо дуриву кай бишнавӣ овои қалбамро,

Назарболову бас сангиндили ай нозанини ман.

 

Туро эй лолаи саҳро чу ҷонам дўст дорам ман,

Вафоятро, сафоятро як умре интизорам ман.

Агар хоҳи бидони кист шайдои қади волот,

Ҳамон бемори ишқат, интизорат Шаҳриёрам ман.

 

 

Ду байтиҳо

Намози шом бигзашт дар хаёлам,

Туро танҳо туро ман интизорам.

Раҳи мову ту боҳам ҳеҷ номад,

Гуло умре ба ёди ту бинолам.

 

Сари роҳ дастаи гул баста дидам,

Мусулмонон аз ин дунё чи дидам.

Дари зиндону дурии раҳи ёр,

Ба ғайри дарду ғам чизе надидам.

 

Ҷамолат мисли маҳтоб аст нигорам,

Фироқатро дигар тоқат надорам.

Ҳазорон лоларухсорон бидидам,

Намеарзад ба тори мут ёрам.

 

 

Дубайтиҳо

 

Симои базеби ту зи ёдам наравад,

Бўи гули атрат зи димоғам наравад.

То чанд ба ёди рухи ту нола кунам,

Сар гар биравад, ёди ту аз сар наравад.

 

 

Ту яктои, ту дурри бебаҳоӣ,

Ба қалбам, балки дар ҷонам ту ҷоӣ.

Ҳамегирям зи ҳиҷронат шабу рўз,

Тасаллои ғами ман дар куҷоӣ.

 

 

Беҳтарин неъмати дунё нон аст,

Самари ранҷи дасти деҳқон аст.

Нагузораш, ки зери пой шавад,

Ҳар ки қадраш накард, хор шавад.

 

 

Хушаи гандум чу сабзид, суда шуд нон мешавад,

Нон ки бошад хони кас пурфайзу эҳсон мешавад.

Қадри нони гандумиро аз замин пурсон шав!

К-ин ҳама бо меҳнати бобои деҳқон мешавад.

 

 

Паноҳат бо Худо

 

Дар намози бомдод бо ёди ту,

Аз сабо ҷӯёи аҳволат шудам.

Дурам аз ту лек сидқан бо туям,

Модари пирам паноҳат бо Худо.

 

Ҳар калом, ҳар панду андарзи туро,

Боз як як пеши хотир оварам.

Раҳнамои зиндагониям туи,

Модари пирам паноҳат бо Худо.

 

Гарчи умр аз нисф бигзаштаст маро,

Лек пеши ту ҳамоно кӯдакам.

Кӯдаке, ки дар канорат растаам,

Модари пирам паноҳат бо Худо.

 

Аз ту модар як кафе хоҳам дуъо,

Саҷда пеши хоки поят оварам.

Дасти ту бошад ҳамеша бар сарам,

Модари пирам паноҳат бо Худо.

 

Барои қайдҳо

 

 

Мундариҷа

 


Дебоча........................................................3

Аз муаллиф...........................................4-5

Ватан модар .............................................6

Қимати умр ..............................................7

Ҳисори зарнисор.....................................8

Иди ниёгон ...............................................9

Васфи устод.............................................10

Ошиқи ту .................................................11

Паризодам ...............................................12

Гулнора .....................................................13

Ҳосили умр ..............................................14

Биё ..............................................................15

Оҳ модар ...................................................16

Бути зебо ...................................................17

Афсонаат ҳастам .....................................18

Болини тар ...............................................19

Бепаймон ..................................................20

Шаҳноза куҷоӣ ........................................21

Дар дилами ..............................................22

Фаромӯшам ..............................................23

Дили ман ...................................................24

Бигзор маро ..............................................25

Модаро бахш маро .................................26

Гули шом ..................................................27

Интизорам ...............................................28

Хастаам имрӯз ........................................29

Ёди ту дорам ...........................................30

Гурезонӣ ...................................................31

Аҷаб бошад .............................................32

Ҷовидон бошӣ ........................................33

Дилозорам ...............................................34

Ёд кунам ...................................................35

Ёди модар ................................................36

Зодрӯз .......................................................37

Бо ёди ту ...................................................38

Ту бошӣ ....................................................39

Хато кардӣ ...............................................40

Эй осмон бигӯ .........................................41

Куҷоӣ ........................................................42

Дар сӯгвории фарзанд ..........................43

Нола дорам .............................................44

Сукути шаб .............................................45

Сӯзи дил ..................................................46

Равон дарё ...............................................47

Худододам туи ту ..................................48

Дӯст дорам .............................................49

Чӣ кунам .................................................50

Ҷони ширин ..........................................51

Ба ёди ту ..................................................52

Нигоҳам кун ...........................................53

Дубайтиҳо ..............................................54

Ду байтиҳо .............................................55

Паноҳат бо Худо ...................................56

Барои қайдҳо.........................................57

Мундариҷа.......................................58-59

 

© ШАҲРИЁР. Қимати умр. Хуҷанд 2014. 60с.

 

Муҳаррир: Ҷӯра Юсуфӣ

Мусаҳҳеҳ, ҳуруфчин

ва ороиши компютерӣ: Саидмаъсум Атҳамҷонзода

Рассом: Мирзо Бойпочоев

 

Аз рӯи маводи пешниҳодкардаи муаллиф чоп карда шудааст.

 

 

Хуҷанд - 2014


Просмотров 558

Эта страница нарушает авторские права

allrefrs.ru - 2020 год. Все права принадлежат их авторам!